9 октябри соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо роҳбари ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Черногория “INVESTEAM Construction company” Milos Jovanovic баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Анварӣ ва Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо иштирок намуданд.
Тарафҳо доир ба масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҷумла, зимни вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаи интиқоли қувваи корӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ширкати болозикр мубодилаи афкор оростанд.
Дар навбати худ, директори ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Черногория “INVESTEAM Construction company” Milos Jovanovic муфассал дар бораи фаъолияти ширкат маълумот пешниҳод намуд.
Бояд қайд кард, ки ширкати мазкур бо корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Черногория машғул буда, омодааст, ки 300 нафар шаҳрвандони мамлакатро барои фаъолият дар соҳаи сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Черногория муташаккилона ҷалб намояд.
Дар суҳбат Milos Jovanovic иброз намуд, ки роҳбарияти ширкат барои бехатарии муҳоҷирон кафолат медиҳад. Коргарон бо маоши хуб ва ду вақт бо хӯрока таъмин мегарданд.
Сипас, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Анварӣ оиди фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ маълумот пешниҳод намуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки самтҳои асосии Марказҳо ин омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба хориҷӣ кишвар, барои муташаккилона сафарбар кардани қувваи корӣ ба хориҷа, имзо расонидани Созишномаҳои ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои кордиҳанда, омӯзиши забонҳои хориҷа, аз ҷумла, англисӣ ва кореягӣ, ки ройгон ба роҳ монда шудааст.
Дар умумият осон намудани мушкилоти муҳоҷири меҳнатӣ ва ба он кӯмак расонидан мебошад.
Пас аз ба имзорасонидани Созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷират ва ширкати “INVESTEAM Construction company” шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд барои фаъолияти меҳнатӣ сафарбар шаванд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират