• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯриҳои муштарак бо сокинони ноҳияи Варзоб

Migration Service by Migration Service
08.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯриҳои муштарак бо сокинони ноҳияи Варзоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб вохӯриҳои муштарак бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуда истодаанд.

Дар рафти вохӯриҳо муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қосимзода Маҳтоб Пир, сардори гурӯҳи Чорбоғи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ҳамидзода Бахтиёр Хайрулло, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Нигматзода Акрам Исмоил, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия Олимзода Орифҷон Олим ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ин гурӯҳҳои корӣ намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилони халқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ширкат меварзанд.

Зимни мулоқот баромадкунандагон дар мавзуъҳои зерин суханронӣ менамоянд, аз он ҷумла: муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2024, дар бораи тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, оид ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия”, дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бахусус, муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, оид ба пешгирии муҳоҷират ва иқомати ғайриқонунӣ дар хорҷи кишвар, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, доир ба ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ, зарурияти гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабл аз издивоҷ ва ҳангоми бозгашт аз муҳоҷират, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъол гардонидани волидайн дар раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирӣ аз тамоюли мардум ба либосҳои бегона ва симои зоҳирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва сунати исломӣ, дуруст шакл додани ақидаҳои динӣ ва имону эътиқоди аҳолӣ, дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ, тарғибу ташвиқи раванди амалишавии барномаҳои ҲХДТ, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО “Роғун” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз зимни вохӯриҳо ба роҳ монда шудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баромадкунандагон таъкид менамоянд, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд.

Масъулин иброз доштанд, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ҷашни муқаддасу таърихӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқу иҷрои нуқтаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон идома доранд.

Инчунин, баромадкунандагон ёдрас намуданд, ки мо миллати сарбаланди тоҷик минбаъд низ пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлоли кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозем.

Дар баробари ин, ибрози андеша намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯйи эътибору иқтидор бонуфузтарин ҳизби сиёсии кишвар ба шумор рафта, бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст. Зеро ин Ҳизби сулҳовари миллӣ садоқати худро ба соҳибистиқлолии кишвар ва таъмини амнияти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии кули сокинони мамлакат равона намуда, бунёдкориву созандагиро дар ҳама сатҳои хоҷагии халқ вусъат бахшида, қадам ба қадам барои гулгулшукуфоии Ватани азиз – Тоҷикистони биҳиштосо қадамҳои устуворонаю дурбинона мегузорад.

Дар фарҷоми вохӯриҳо, баромадкунандагон ибрози андеша намуданд, ки ҳар як сокини ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои гуногун бетарафӣ зоҳир накарда, бояд дар таҳкими пояҳои давлати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро, Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дӯст дошта, азм доранд, ки баҳри боз ҳам обод гаштани диёри хеш саҳмгузор бошанд. Шаъну шарафи ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст.

Ҳамзамон, ёдрас менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ пайваста ба роҳ монда шуда, тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шаҳрвандон саҳеҳ ва муфассал расонида мешавад.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Сарҷамъу муттаҳид — ҳушёру зирак бошем

Next Post

Муқовимат алайҳи терроризм вазифаи мост

Next Post
Муқовимат алайҳи терроризм вазифаи мост

Муқовимат алайҳи терроризм вазифаи мост

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.