Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Файзобод вобаста ба тақвияти корҳои идеологӣ, тарғиботу фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Дустмурод Алиев вохӯрии навбатӣ бо сокинон, фаъоло ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бо тақлид ба фарҳанги ба мо бегона, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо”, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои мубрмаи рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Суханварон таъкид карданд, ки танҳо бо якдилӣ, ҳамкорӣ ва риояи қонунгузории амалкунанда метавон ба ҷомеаи солиму пешрафта ноил шуд. Таъкиди муҳими дигар ба масъулияти ҷавонон дар таъмини амният ва суботи дохилӣ равона шуда, аз аҳли ҷомеа даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар саҳмгузор бошанд.
Ҳар яки ки мо бояд дар таълиму тарбияи фарзандон саҳми беназири худро гузорем, чун фарзанди нек ояндаи некро барои худ месозад. Бояд гуфт ки имрӯз занони мо ба либоси бегона бисёр таваҷҷуҳ равона кардаанд, ин тақлидкорӣ хоси мардуми тоҷик нест. Мардуми тоҷик фарҳанги ғание дорад. Зарур аст ки бештар ба либоси миллӣ рӯ оварему барои фарзандони худ низ ин равандро омӯзонем.
Намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷойи кор баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти калидӣ дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҳозирин оид ба таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои террористӣ бо ҳадафҳои мушаххас фаъолият бурда, барои иҷрои онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар месозанд.
Ҳамзамон, ба ҳифзи саломатӣ, тозагии сару либос ва намуди зоҳирӣ низ диққати махсус дода шуд, то муҳоҷирон худ ва наздикони худро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доранд. Дар охир иштирокдорон аз баргузории чунин вохӯриҳо изҳори сипос намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

