Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Г., сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов М., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Юлдошева Ш., мудири бахши дин, танзими ҷашну маросим Азизов Д., бо сокинон, фаъолон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгаштаи деҳаи Шӯртанги ҷамоати Навгилем, бо иштироки 40 нафар, мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шахри Исфара Ахмедов М., оиди талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, тағйиротҳо ба меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, инчунин оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, таасубу тақлид ба фарҳанги номақбули бегона, дурусту самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ ва бозпасшуда, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуд.
Чунин як чорабинии судманд бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷрат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд