Кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ВМКБ дар ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнон бо фаъолон ва сокинони ноҳияҳо, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Зимни баромад ба иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои қонунҳои амалкунандаи давлатҳои муҳоҷирпазир, бахусус ФР, хатарҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таъмин бо кор дар дохили ҷумҳурӣ ва муҳоҷирати муташаккилона ба хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баромадкунандагон, аз ҷумла, қайд карданд, ки ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ҳар як шаҳрванд омода бошад ва ҳушёриро аз даст надиҳанд, аз тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгири, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан огоҳ бошанд.
Баъди шунидани маърӯзаҳо сӯҳбатҳои озод ва саволу ҷавоб байни маърӯзачиён ва иштирокчиёни чорабинӣ доир шуд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони вилоят аз ҷониби шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” мунтазам баргузор хоҳад гардид.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ