Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар деҳаҳои Работ, Ҳушёрӣ ва Хоҷа Оби Гарми ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб вохӯриҳои судманд бо сокинон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуданд.
Баромадкунандагон ёдрас намуданд, ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд кӣ “Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабулкунандаи он манфиати калони иқтисодӣ ба даст меоранд”.
Бояд қайд намуд, ки оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, аз ҷониби масъулини соҳа мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ба ҳозирин маълумоти лозима расонида шуд.
Читавре, ки маълум аст, Федератсияи Россия дар қонунгузории худ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ дигаргуниҳо ворид намуда, низоми дохил шудан ба кишварашро пурзӯр намудааст, мавриди амал қарор дорад. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ акнун лозим мебояд, ки қоидаҳои будубошро дар Федератсияи Россия пурра риоя намоянд.
Дар ин замина, баромадкунандагон таъкид намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, масъалаҳои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Тавре Пешвои муаззами миллат такид кардаанд, ки “Рушду тараққиёти мамлакат бевосита ба саъю талоши насли созандаю эҷодкор алоқаманд аст”.
Дар барорбари ин, баромадкунандагон иброз доштанд, ки барои ҳарчӣ зудтар соҳибкасб намудани шаҳрвандон ва ба ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ иброз намуданд, кӣ “Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд”.
Ҳамзамон, ёдрас менамоем, ки иштирокдороне, ки касбу ихтисос надоштанд, мувофиқи касбу ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохили кишвар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Инчунин, баромадкунандагон ибрози андеша намуданд, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар марказҳои тиббӣ огоҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан худро аз он эҳтиёт намоянд ва дар бозгашт ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд.
Хотиррасон менамоем, ки дар рафти вохӯриҳо аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо ба сокинони ноҳия ёддоштҳо дар мавзуъҳои “Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем”, “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”, “Мо зидди савдои инсонем”, “Зӯроварӣ дар оила нисбати занони муҳоҷир”, “Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд”, “Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия”, “Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй” ва ғайраҳо дастрас гардиданд.
Дар ин раванд, масъулин баҳри иҷрои самарабахши дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои гуногун дар ноҳия тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

