Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Варзоб вохӯриҳои судманд бо сокинон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуданд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон дар мавзуъҳои муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2023, дар бораи тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, оид ба қонунгузориҳои Федератсияи Россия, дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани барномаҳои афзалиятноку стратегии давлат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум ва беҳдошти рӯзгори сокинони мамлакат, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалияти кор дар замин ва зарурияти рӯёнидани ду – се ҳосил дар як сол, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, муқовимат бо коррупсия, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, ҷудошавии оилаҳо, фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ва шуғли пурмасъул, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО «Роғун» ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки чӣ тавре, ки –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки «Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид».
Масъулин иброз доштанд, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ҷашни муқаддасу таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқу иҷрои нуқтаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон идома доранд.
Баъдан таъкид карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Мусаллам аст, ки сокинони аксари кишварҳои Сайёра ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, пеш аз ҳама ба кишвари макони зисти доимӣ ва ҳам ба аҳли оилаи худ манфиат меоранд.
Як нуқтаи дигарро қайд намуданд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират бо ҷамъиятҳои (диаспораҳои) бурунмарзии кишвар ҳамкории судмандро ба роҳ монда, аз кору фаъолият ва шароити зиндагии ҳамватанони бурунмарзӣ пуштибонӣ менамояд.
Дар баробари ин, ибрози андеша намуданд, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар марказҳои тиббӣ огоҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан худро аз он эҳтиёт намоянд ва дар бозгашт ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд.
Бояд қайд намуд, ки оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, аз ҷониби масъулини соҳа мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ба ҳозирин маълумотҳои лозима расонида шуд.
Дар баробари ин, ибрози андеша намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯйи эътибору иқтидор бонуфузтарин ҳизби сиёсии кишвар ба шумор рафта, бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст. Зеро ин Ҳизби сулҳовари миллӣ садоқати худро ба соҳибистиқлолии кишвар ва таъмини амнияти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии кулли сокинони мамлакат равона намуда, бунёдкориву созандагиро дар ҳама сатҳои хоҷагии халқ вусъат бахшида, қадам ба қадам барои гулгулшукуфоии Ватани азиз – Тоҷикистони биҳиштосо қадамҳои устуворонаю дурбинона мегузорад.
Дар ин раванд, аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират ба сокинони ноҳия ёддоштҳо дар мавзуъҳои гуногун дастрас гардонида шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои матраҳшуда саволу ҷавоб доир гардид.
Илова бар ин, масъулин баҳри иҷрои самарабахши дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои гуногун дар ноҳия тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамоянд.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ пайваста ба роҳ монда шуда, тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шаҳрвандон саҳеҳ ва муфассал расонида мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб