Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Қалъаихум деҳаҳои Зинг, Кеврон ва Умарак вохӯрии судманд бо сокинон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта баргузор гардид.
Масъулин доир ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин, вобаста ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии баъзе ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, муҳоҷирати бехатар, садоқат ба халқу Ватан, сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ, ки ройгон мебошанд ҷалб намоянд, ба осорхона, театр, китобхона ташриф оранд ва барои соҳиб шудан ба касбҳои серталабот ба курсҳои бозомӯзӣ раванд.
Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт. Аз сокиноне, ки айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвари Россия қарор доранд, даъват гардид, ки барои маслиҳати ҳуқуқӣ ва тамоми мушкилот бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тамос гиранд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

