Дар доираи Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар Ҷамоати деҳоти Танобчӣ вохӯрии гурӯҳи кории мақомот бо фаолон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон” масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию, нашъаҷаллобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдўстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан суханронӣ намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон