Дар маҳаллаи Иқболи ҷамоати деҳоти Танобчӣ вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо иштироки сокинон, фаъолону шахсиятҳои таъсиргузори маҳалла баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроия, аз ҷумла намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират, ки дар гурӯҳи корӣ шомил аст, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суҳбат масъулони тарғиботӣ доир ба нуктаҳои меҳварии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои диниву эктремистӣ, муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ, диққати аввалиндараҷа додан ба таълиму тарбияи фарзанд, роҳҳои пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ ва варзиш, инкишофи тарзи ҳаёти солим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки замин, роҳ надодан ба исрофкорӣ, самаранок истифода намудани нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз мубодилаи афкор намуда, сокинонро ба татбиқи амалии нуктаҳои ироагардида даъват намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ як гурӯҳ фаъолони маҳаллаи мазкур низ бо ҷонибдорӣ аз мулоҳизаҳои масъулони тарғиботӣ фикру андешаҳои судманди худро баён доштанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон