22 декабри соли 2025 дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод вохӯрии корӣ бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои интиқолдиҳандаи шаҳрвандон ба хориҷи кишвар баргузор гардид.
Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо аз ширкатҳои расмии интиқолдиҳанда шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба кори муназзами хориҷ аз кишвар сафарбар карда шудаанд, пурсон шуд. Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 субъекти хоҷагидор, ки ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар фаъолият доранд, тавонистанд шаҳрвандони ҷумҳуриро ба кишварҳои ФР, Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар ва Аврупо барои фаъолияти меҳнатӣ сафарбар намоянд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешидани чораҳои муштарак оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории муҳоҷирати давлати иқомат, аз ҷумла мубориза бо бақайдгирии сохта ва шуғли ғайриқонунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод таъкиди хоса ба самтҳои зерин намуд, аз ҷумла, муташаккилона сафарбарнамудани шаҳрвандон ба хориҷи кишвар, сари вақт ва дуруст ба роҳ мондани маълумот оиди сафарбаркунии шаҳрвандон, ҷоннок намудани ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷират ва МД “Агенти бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, тақвияти чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иттилоотӣ-ташвиқотӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон, вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар ҳали ҳолатҳои баҳсӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ байни коргарони тоҷик ва корфармоён, суханронӣ намуд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, пешгирии ҳолатҳои фиребу қаллобӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Аз ҷониби худ, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳо пешниҳоду мулоҳизаҳои худро дар самти такмили ҳамкорӣ, бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва тақвияти механизми ҳамоҳангсозӣ бо сохторҳои давлатӣ иброз доштанд.
Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии ин вохӯрӣ масъалаҳои идоракунии равандҳои муҳоҷират ва муайян кардани мушкилоти марбут ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

