Бо ибтикори Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар толори муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ вохӯрии мақсаднок бо сокинону фаъолони ҷамоат бо иштироки намояндаи ҲХДТ дар ноҳия Мамурзода Р., мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Зиёзода Д., раиси Ҷамоати деҳот Муҳаддалиев А., ва раисони маҳаллаҳо баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон вобаста ба масъалаҳои рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эҳтимоли вурудашон манъшавӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия доранд ва оиди даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, теророризм экстремизм, муҳоҷирати бехатар, оид ба татбиқи стратегияи давлатии муқовимат бар зидди коррупсия, оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон”, ва рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, суханронӣ намуданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Зиёзода Д., ба сокинони ҷамоати деҳот, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд