Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент вохӯрии маърифатӣ дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан бо фаъолон ва сокинони ҷамоат, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур кормандони шуъба оид ба мавзӯъҳои пешгирӣ содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонида додани моҳият ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»,» Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карда шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки рӯзҳои наздик дар дигар маҳалла ва ҷамоатҳо гузаронидани чунин вохӯриҳо дар назар аст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд