Дар доираи Нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус якҷоя бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои зиддикоррусионии масъулини мақомоти иҷроия вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Ҳамзамон, қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти иҷроия ва риояи қатъии меъёрҳои хизматчии давлатӣ таъкид гардид.
Дар маърӯза ҳолатҳои гуногуни даст задан бо коррупсия ва оқибатҳои он, пешгирии ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, аз ҷумла зимни интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баргузор намудани озмунҳои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ, ҳамчунин хатарҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастӣ ва дигар амалҳои номатлуб фаҳмонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, дар амалияи кишвари мо масъалаи мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб сараввал бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25-уми июли соли 2005, №100 мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта буд. Баъдан бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20-уми марти соли 2008, №374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7-уми августи соли 2020, №1714 фазои зиддикоррупсионии кишвар ва заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он мустаҳкам карда шуд.
Дар ин росто пай дар пай қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ ба монанди “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” аз 26-уми январи соли 2008, №34; “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз 30-юми августи соли 2013, №1504 ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз 3-юми августи соли 2021, №222 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.
Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст. Бо иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияҳои номбурда ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми кирдорҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуд. Махсусан бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.
Дар фарҷом ҳамин нуқтаро зикр кардан зарур аст, ки ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид, сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.
Дар охири ҷаласа дар назди масъулини мақомоти иҷроия, муовинони раиси ноҳия, фаъолон, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони шабакаҳои тақсимоти барқ, роҳбарони техникӣ, нозир ва назоратчиён – дар умум тамоми кормандони соҳаи барқи ноҳия оид ба пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ, кам кардани талафоти он ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда вазифаҳо гузошта шуданд.
Раёсати Хадамотим муҳоҷират дар вилояти Хатлон