Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ вохӯрии навбатиро дар маркази шаҳри Хоруғ бо муҳоҷирони баргашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуд.
Мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ Мулкамон Каниев, дар вохӯрӣ ба ҳозирин иброз намуд, ки мутаассифона теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия бо сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош дар ин давлат берун карда шуда истодаанд. Ин далели он аст, ки шахрвандони мо бе омодагии пешакӣ ба муҳоҷират сафар менамоянд ва бо сабаби сари вақт будубоши худро қонунӣ нагардонда, ба мушкилиҳои зиёд дучор мешаванд. Ин ҳолатро истифода бурда, ашхоси миёнарав муҳоҷирони меҳнатиро бо музди ночиз ба кори ғайриқонунӣ даъват менамоянд.
Ҳамзамон ҷавонони дар ҳолати душвор қарордоштаро гурӯҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ бо ваъдаи маблағи калон ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба фаъолияти ғайриқонуни равона менамоянд, – афзуд ӯ.
Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, омодагии хуб бинанд, то ки ба сафарбаршавии муташаккилона ҷалб шаванд.
Ба иштирокчиён маълумот дода шуд, ки дар дохили ҷумҳурӣ низ корхонаҳои зиёд ба истифода дода шуда истодаанд ва дар онҳо қувваи корӣ лозим мебошад. Аз ҷумла, дар сохтмонҳои бузурги дохили ҷумҳурӣ – сохтмони НБО “Роғун”, Себзор, қитьаи роҳи байналмилалии Дарвоз – Рӯшон, барои кормандон тамоми шароитҳои лозима муҳаё гардида, бо музди меҳнати шоиста пардохт карда мешаванд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ