• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар назди бозори «Сомонӣ» -и шаҳри Кӯлоб

Migration Service by Migration Service
21.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар назди бозори «Сомонӣ» -и шаҳри Кӯлоб
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои террористию – экстремистӣ, савдои одамон, оиди бакортаъминкунӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷиони меҳнатӣ дар назди бозори “Сомонӣ”- шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Вохӯриро сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, аз қабили бақайдгирии ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оиди донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, тарзи супоридани имтиҳонҳо, доштани касб ва мувофиқи он ҳуҷҷати тасдиқкунанда доштан, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани полиси тиббӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент ва тартиб додани шартномаи меҳнатӣ суханронӣ намуда, ба ҳозири маълумотҳои муфассал дод.

Ба саҳми ҳозирин расонида шуд, ки ба гурӯҳҳои тундрави террористию – экстремистӣ пайвастани муҳоҷирони меҳнатӣ аз эҳтимол дур намбуда, дар аксар маврид онҳо ба паёмакҳои бардурӯғи телефонӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи шабакаҳои интернетӣ бовар намуда, ба доми чунин гурӯҳҳо афтода аз ватан дур монда, ҳаёти худ ва ҷомеаи моро доғдор менамоянд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар муҳоҷират ба доми гурӯҳҳои одамрабо низ афтодан аз эҳтимол дур нест, чунки онҳо ба ҷалби маблағҳои калон ва ҷойи кор хуб ваъда намудан инсонро ба манфиатҳои худ истифода мебаранд. Гурӯҳҳои ифротӣ на танҳо ба давлат ва сохти конститутсионӣ, балки ба рӯзгори ободу осудаи ҳар як фарди ҷомеъа бевосита таҳдид менамояд.

Бинобар ин, муқовимат бо ин зуҳурот вазифаи ҳар яки фарди солимфикру ватандӯст буда, дар мавриди дучор омадан ба мушкилиҳо ва поймол гардидани ҳуқуқҳоятон эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш намоед мушкилоти худро дар мақомотҳои дахлдори қудратии Федератсияи Россия ё Сафорату Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қарордошта ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон (диаспораҳо) ҳамкорӣ намуда ҳал намоед.

Сипас, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи дурусти ҷавонон ба ватандустӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, бештар ҷалб намудани онҳо ба озмунҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, хизмати ҷавонон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва корҳои ободонию созандагӣ суханронӣ намуда, мавҷудияти ҷойҳои кории холиро дар дохили кишвар муаррифи намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳар яки мо вазифадор мебошем, ки тамоми саъю кушиши худро ба хотири арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ободии Ватани азизамон равона созем.

Дар фарҷом ба саволҳои сершумори иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дода шуда, ба онҳо буклетҳои ҷойҳои кории холӣ дар дохили кишвар ва ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинони ноҳияи Темурмалик

Next Post

Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар муҳоҷирати бехатар

Next Post
Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар муҳоҷирати бехатар

Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар муҳоҷирати бехатар

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.