Ҳамарӯза кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, оид ба омодагии пешакӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва шинос намудани муҳоҷирон ба талаботҳои амалкунанда ҳангоми будубош дар Федератсияи Россия, суҳбату вохӯриҳо баргузор менамоянд.
Вохӯрии навбатиро бо ҷамъомадагон мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дор шаҳри Кӯлоб Абдулфайз Сафаров оғоз намуда, ҳозиринро бо мушкилотҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дучор мешаванд ва бо кадом роҳ худро аз ин омилҳо эмин нигоҳ доштан, ҳамзамон огоҳ будан аз қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират шинос намуд.
Дар баромад қайд гардид, ки экстремизм, терроризм, ифротгароӣ, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси ҳалокати одамони бегуноҳ, халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои нангин мегардад.
Таъкид гардид, ки пеш аз ҳама худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо дар канор гирифтан зарур аст, зеро созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи даъватҳои таблиғотӣ истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, шабакаҳои интернетӣ, однокласник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.
Бояд қайд кард, ки ин гурӯҳҳо ба сафҳои худ бештар ҷавонон, шахсони бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони ба маблағҳои пулӣ эҳтиёҷдоштаро ҷалб менамоянд.
Аз ин хотир, дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, ба ваъдаҳои бардурӯғи онҳо фирефта нашуда, кӯшиш кунед, ки мушкилоти худро на ба танҳоӣ, балки ба Сафорат, Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ё мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия, муроҷиат намуда ҳал намоед.
Дар рафти вохӯрӣ, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад:
1. Тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор);
2. Тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”;
3. Шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” – и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда мешавад ва шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, брошюраҳо ва роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

