Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент вохӯрии навбатӣ бо сокинон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта доир ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои будубош дар давлати Россия, баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират доир ба ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия, ки аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад, ваколатҳои мақомоти корҳои дохилиро дар соҳаи муҳоҷират ба таври назаррас васеъ мекунад, ибрози андеша намуданд.
Қайд карда шуд, ки муҳлати иҷозати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Россия барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин кишвар бо тартиби бидуни раводид омадаанд, аз 1 январ то 31 декабри соли 2025, дар маҷмӯъ, дар давоми соли тақвимӣ 90 рӯзро ташкил медиҳад. Айни замон дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ корҳои омодасозии системаҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ барои имкони татбиқи амалии ин стандартҳо идома доранд.
Қайд кардан муҳим аст, ки “аз нав барқарор кардан”-и муҳлати будубоши иҷозатдодашудаи шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР омадаанд, бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунад, бо роҳи расман аз сарҳади давлатии Россия даромадан ғайриимкон аст.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки як муҳоҷир вазифадор аст, дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент, ба мақомоти ҳудуди Вазорати корҳои дохилии Россия, ки патент додааст, огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро пешниҳод намояд. Огоҳинома аз ҷумла сурати бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрванди – ҳуқуқӣ бо шахсӣ воқеӣ, ҳатто агар шартнома ба таври шифоҳӣ басташуда бошад ҳам, бояд ирсол карда шавад.
Дар сурати дар давоми ду моҳ аз ҷониби муҳоҷир пешниҳод нагардидани огоҳинома ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) патенти додашуда (бе огоҳӣ) бекор карда мешавад. Пас аз бекор кардани патент, патенти навро шаҳрванди хориҷӣ танҳо аз 1 сол аз рӯзи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд