• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии навбатӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Ҳусайнободи ноҳияи Темурмалик

Migration Service by Migration Service
07.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии навбатӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Ҳусайнободи ноҳияи Темурмалик
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, бо мақсади тақвияти ҳамкории мутақобила бо ҷомеа ва боло бурдани маърифати шаҳрвандии аҳолӣ, вохӯрии навбатии гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар маҳаллаи Чинор ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ дар ноҳия, инчунин намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират, ки дар гурӯҳи тарғиботӣ шомил аст, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавзӯъҳои муҳими рўз, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, зарурати зиракии сиёсӣ, муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави ФР дар самти муҳоҷират, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, хусусан дар мавсими гармо ва истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба хотири беҳтар намудани сатҳи иқтисодии хонаводаҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар меҳвари баромадҳо қарор доштанд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баромад намуда, ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни маҷлиси васеи Кумитаи Марказии Ҳизб 17 июли соли 2025 ироа гардид, ишора намуда, таъкид дошт, ки ҲХДТ ҳамчун нерӯи таъсиргузори сиёсӣ бояд фаъолияташро дар самти таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, тарбияи насли солим ва рушди деҳоту шаҳрҳо боз ҳам тақвият бахшад.

Зикр гардид, ки ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос бояд дар таҳкими субот, амният ва мубориза бо ҳар гуна падидаҳои номатлуб саҳми худро гузошта, дар пешбурди зиндагии иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа бетараф набошад.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик Сафаров Баҳодур баромад намуда, ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст.

Хотиррасон намуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон ба маълумоти сокинони ноҳия расонид, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ идомаи чунин чорабиниҳоро дар дигар маҳаллаҳо зарур ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, аз ташкили ин мулоқоти созанда изҳори сипос карданд. Дар охир, сокинон суолҳои худро матраҳ намуда, посухҳои муфассал ва муътамад дарёфт карданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилогяти Хатлон

Previous Post

Чорабинии судманд дар маҳаллаи “Темурмалик”-и шаҳри Хуҷанд

Next Post

Вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи Иқболи ҷамоати деҳоти Танобчӣ

Next Post
Вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи Иқболи ҷамоати деҳоти Танобчӣ

Вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи Иқболи ҷамоати деҳоти Танобчӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.