• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии навбатӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик

Migration Service by Migration Service
11.02.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии навбатӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Кушктеппа баргузор гардид.

Масъулин масъалаҳои муҳими ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон шарҳ дода шуд.

Ҳамзамон, ба риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, пешгирии ҷинояткорӣ, хусусан дар байни наврасон ва ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар рафти чорабинӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Сафарзода Баҳодур ба иттилои сокинони расонид, ки таъмин намудани будубоши қонунии ноболиғон — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия уҳдадории мустақими волидони онҳо ё намояндагони қонуниашон ба ҳисоб меравад. Маҳз волидон масъул мебошанд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои будубоши қонунии фарзандонашон дар муҳлатҳои муқарраршуда ба расмият дароварда шаванд, муҳлати иҷозатдодашудаи будубош риоя гардад ва дар ҳолати зарурӣ, тарки саривақтӣ аз қаламрави Федератсияи Россия таъмин карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия қаблан дар бораи ҷорӣ гардидани ин навоварӣ дар қонунгузории Россия расман огоҳ намуда буд.

Аз 28 январи соли 2026, Қонуни федералии Федератсияи Россия № 314-ФЗ аз 31.07.2025 “Дар бораи тартиби нави мубодилаи иттилоот оид ба кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ” ба қувваи қонунӣ медарояд, ки мутобиқи он мубодилаи иттилоот байни Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва мақомоти маорифи Россия ба роҳ монда мешавад. Ин навовариҳо барои Шумо ва фарзандонатон чӣ маъно доранд: Ҳангоми ба қайди муҳоҷират гузоштан ё аз қайд баровардани фарзанди ноболиғ, мақомоти ВКД-и Россия маълумоти дахлдорро ба таври худкор ба мақомоти маҳаллии маориф ирсол менамоянд. Ин имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти кӯдак ба ҷой дар муассисаи таълимӣ (мактаб ё кӯдакистон) муайян карда шавад.

 Дар ҳолати муроҷиати Шумо барои дохил намудани фарзанд ба мактаб ё коллеҷ, муассисаи таълимӣ уҳдадор аст дар ин хусус ба мақомоти ВКД-и Россия хабар диҳад. Ҳамзамон маълумоти зерин низ ирсол мегардад: натиҷаҳои санҷиши сатҳи дониши забони русӣ, тасдиқи қабул ба муассисаи таълимӣ, тасдиқи хориҷшавӣ аз муассиса (дар ҳолати қатъ гардидани таҳсил). Ҳадафи асосии Қонуни федералии № 314-ФЗ пешгирӣ намудани ҳолатҳое мебошад, ки кӯдакони муҳоҷирон бе таҳсил намонанд. Акнун ҷониби Россия имкони муайян намудани кӯдаконе, ки ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд, пайдо мекунад ва нисбат ба чунин оилаҳо чораҳои инфиродӣ (кӯмак дар дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ, ҷустуҷӯи ҷой ва ғайра) андешида мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки тамоми ин равандҳо ба таври худкор тавассути системаҳои электронӣ анҷом дода мешаванд ва аз ҷониби волидон пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб карда намешавад.

Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР тавсия медиҳад: фарзандонро ҳатман бо худ дар суроғаи воқеии зист ба қайди муҳоҷиратӣ гузоред, ҳарчи зудтар ба муассисаи таълимии наздиктарин барои дохил намудани кӯдак муроҷиат намоед, ҳатто дар ҳолате, ки қайди муҳоҷиратӣ муваққатӣ бошад.

 Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт, Шумо метавонед ба Намояндагӣ муроҷиат кунед.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Оид ба навовариҳои қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия чорабинии иттилоотӣ доир гардид

Next Post

Мизи мудавар дар ноҳияи Файзобод

Next Post
Мизи мудавар дар ноҳияи Файзобод

Мизи мудавар дар ноҳияи Файзобод

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.