Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар деҳаи қалъаи Дӯстӣ Ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрии навбатӣ бо сокинони ҷамоат, имохатибону фаъолони деҳа, муҳоҷирони ба ватан баргашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Дар он муовини Раиси ноҳия Нуруллозода Ганҷина, намояндаи шуъбаҳои раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, раиси ҷамоати Ваҳдат, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ва мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия вобаста ба масъалахои даъвати чавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар ва рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрии мазкур баромадкунандагон оиди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористиву экстремистӣ ва аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраве, ки мардумро, хусусан муҳоҷирони меҳнатиро фирефтаи худ мекунанд ва боз он муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад, сухан ронда, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро огоҳ намуданд.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунандае, ки ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷӣ, хусусан ба Федератсияи Россия аз қонуну қоидаҳое, ки дар он давлат амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубош ва тартиби фаъолияти меҳнатиро бояд дуруст ба роҳ монанд, суҳбат гузаронида шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, якчанд дастуру супоришҳо оиди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва барои гирифтани иҷозатномаи кор дар хориҷа дода шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар ҳамкорӣ бо м ақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, субъектҳои хоҷагидор ҳамкории муштарак дошта, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии воридшавии онҳо аз тарафи гурӯҳҳои экстремистӣ корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва омодасозии онҳо пеш аз сафар, яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти бахш ба ҳисоб меравад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд