Вохӯрии навбатӣ бо сокинони маҳаллаи А. Қиматови ҷамоати шаҳраки Фархор

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатӣ бо сокинони маҳаллаи А. Қиматови ҷамоати шаҳраки Фархор баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад, мудирони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Хадамоти муҳоҷират, сардорони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа, кор бо занон  ва оила, инчунин сокинони маҳаллаи номбурда иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрии мазкур масъулин вобаста ба масъалаҳои пешгирии пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона, шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагии кишвар, вазъи ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ,  содиршавии ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон, риояи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи насли наврас, инчунин, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардид.

Дар рафти вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аҳамияти хоса дорад.

Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.

Ҳамзамон, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки аз гузаронидани маблағ аз кортҳои бонкии худ ба дархости шахсони бегона худдорӣ намоянд, зеро чунин амал метавонад ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат кунад ва барои онҳо ҷавобгарии қонунӣ ба миён оварад.

Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо