• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии навбатӣ бо сокинони маҳаллаи Озодии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Migration Service by Migration Service
03.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии навбатӣ бо сокинони маҳаллаи Озодии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе суҳбату вохӯриҳо дар соли 2026 шурӯъ гардидааст.

Ин навбат вохӯрии навбатӣ бо фаъолон ва сокинони маҳаллаи Озодии ноҳияи Сино дар МТМУ № 113 бо иштироки гурӯҳи таблиғотӣ -сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Шарипов Т., корманди Агентӣ назорати нашъаоварӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромов А., муовини сардори шуъбаи кор бо ноболиғони ноҳия капитани милитсия Ҷалолзода Ф., намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия Ҷумъаев Ф.,  бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Қодиров Ҳ.,  ва КИ ҲХДТ дар ноҳия Солеҳова М., оғоз гардид.

Масъулин вобаста ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии баъзе ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, садоқат ба халқу Ватан, сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд.

Инчунин, оиди амалишавии қонунҳои миллӣ, амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ва оиди шуғлнокии аҳолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, грантҳои Роҳбари давлат оиди касбомӯзӣ ва ҳунармандони занҳои хонашин, курсҳои кӯтоҳмудати дӯзандагию пазандагӣ ва дигар масъалаҳои шуғлнокӣ суҳбат намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Шарипов Тоҳир вобаста ба қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, аз ҷумла  тибқи фармони Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия аз 4 феврали соли 2025 таҳти № 34, дар Метрополитени шаҳри Москва ҳангоми зарурат, иловатан ба чораҳои амалкунандаи амнияти нақлиётӣ, санҷиши телефонҳои мобилии мусофирон метавонад татбиқ карда шавад.

Бо назардошти ҳолати мазкур, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки қонунгузории кишвари иқоматро риоя намуда, дар сурати гузаронидани санҷиш аз ҷониби хадамоти амнияти метрополитен, ба кормандони масъул дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии онҳо монеа эҷод накунанд.

Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки тибқи фармони зикршудаи Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия, санҷиши дастгоҳҳои аудиоӣ ва видеоӣ, телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ тавассути фаъол гардонидан ва санҷиши қобилияти кории онҳо анҷом дода мешавад.

Илова бар ин сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Пешгирии коррупсия масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад

Next Post
Пешгирии коррупсия масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад

Пешгирии коррупсия масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.