• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии навбатӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Migration Service by Migration Service
06.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии навбатӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии муҳоҷират (СБМ) вохӯрии навбатӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо вобаста ба муҳоҷирати бехатар дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва қаллобии онлайнӣ” баргузор гардид.

Дар вохӯрии навбатӣ сардори шуъбаи Хадамоти  муҳоҷират дар шаҳри  Кӯлоб Абдуллоев И., сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли Саидов Р., ҷонишини директори филиали МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” Одинаев Ш., намояндагон аз лоиҳаи СБМ “Муҳоҷирати бехатар ва қаллобии онлайнӣ” Давлатов С., Ҳикматов Д., иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва огоҳонидани муҳоҷирони меҳнатӣ аз хатарҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва эмин будан аз қалобони онлайние, ки дар хориҷи кишвар барои таъмин намудани кор даъват мекунанд, мебошад.

Чорабиниро сардори шуъбаи  Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Абдуллоев И., оғоз намуда, намояндагонро ба ҳозирин шинос намуда, мақсади баргузории мавзӯи имрӯзаро муаррифӣ намуд.

Қайд гардид, ки тули як соли охир муҳоҷирони ватанӣ бештар дар давлатҳои хориҷи кишвар ба мушкилотҳои ғайричашмдошт дучор мешаванд, ки яке аз ин надоштани маълумотҳои кофӣ дар бораи дарёфти кор дар ширкатҳои расман бакортаъминкунандаи давлатҳои хориҷа ва тамос шудан бо онҳо мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки  нафарони зиёди ҳамватанони мо барои дарёфти кори муносиб дар давлатҳои хориҷи дур аз таблиғотҳои рекламавии шабакаҳои интернетӣ ва шахсони миёнарав истифода бурда, дар натиҷа ба доми қаллобон афтода, бо интиқол додани маблағҳои гуногун ба суратҳисоби шахсони номаълум ба буҷаи оилавии худ зарари молиявӣ расониданд.

Сипас вобаста ба баланд бардоштани маърифатнокӣ ва огоҳ будани ҳозирин  аз муҳоҷирати бехатар ва каллобони онлайнӣ сухан ба намояндаи СБМ лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва қаллобии онлайнӣ” Давлатов С., дода шуд.

Дар баромад самтҳои афзалиятноки расидан ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар  қироат гардида, ба саҳми ҳозирин нуқтаҳои асосие, ки аксаран қаллобони онлайнӣ дар шабакаҳои интернетӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки худ аз он истифода мебаранд расонида шуд.

Иброз гардид, ки ширкатҳои расмӣ танҳо бо истифода аз почтаи электронӣ бо довталабон ҳамсуҳбат мешаванд, на бо истифода аз шабакаҳои умумии интернетӣ, аз қабили Инстаграм, Фейсбук, Тик-Ток ё дигар шабакаҳо. Аз ин лиҳоз, ба нафароне, ки тариқи интернет кӯшиши дарёфти кор дар дилхоҳ давлатҳои хориҷа менамоянд, тавсия дода мешавад, ки бо истифода аз компютер ё ноутбук тариқи почтаи электронӣ бо ширкати ба кор кабулкунанда дар тамос шуда бехатарии худро таъмин намояд.

Ҳамзамон, нафароне, ки дар ин раванд ба мушкилиҳо дучор мегарданд, бемамоният аз хизматрасониҳои мутахассисони шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо истифода бурда ё ба рақами  телефони хати оҷилӣ: +992 900 800 800 занг зада маслиҳатҳои муффид гиранд.

Дар ин раванд сармутахассиси шуъбаи Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Р., ба сухан баромада, оид ба мавҷудияти ҷойҳои кории мавсимӣ дар давлатҳои хориҷи кишвар, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаҳои тарафайн доранд маълумоти муфассал дода, ба хоҳишмандан тавсия дода шуд, ки барои бақайдгирӣ ва омодабошӣ ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Ба намояндагони соҳаҳо аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба тартиби дурусти тамос гирифтан бо ширкатҳои расмии хориҷӣ, сомонаҳои расмӣ, тамғаҳои онҳо ва дигар мушкилотҳое, ки худи онҳо ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дучор шуданд саволҳои бешумор дода, аз ҷониби  мутахассисон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.Дар фарҷоми вохӯрӣ маводҳои таблиғотӣ ва брошюраҳои  роҳнамои Хадамоти муҳоҷират ва СБМ тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Ифротгароӣ – хатари иҷтимоӣ

Next Post

Ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда мешавад

Next Post
Ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда мешавад

Ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда мешавад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.