Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023) ва Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Қаратоғ деҳаи Боқи Раҳимзода баргузор гардид.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода Бобоев К., зимни баромад дар бораи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зикр намуд, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.
Мавсуф оид ба нуқтаҳои асосии Паём ба ҳозирин маълумоти мушаххас дода, зикр намуд, ки “Ҳар як фарди баномуси Ватан бояд шукронаи ин сарзаминро карда, ба қадри ин ҳама ободиву пешравиҳо бирасем, зеро имруз халқи кишвар таҳти роҳбарии Сарвари муаззами кишвар зиндагии орому осуда дошта, мулк ободу дастурхони мардум пурнозу неъмат аст”.
Ҳамзамон ӯ дар атрофи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба пешгири ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар шаҳри Турсунзода низ ибрози ақида намуд.
Аз ҷумла, қайд кард, ки мақсади ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву оромии халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёд пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъона лозиманд.
Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯст.
Стратегияи мазкур ягона санадест, ки барои иҷро нагардидани талаботҳои он ҷавобгарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки мову шумо аз коргари оддӣ то роҳбари корхона, кишоварзону соҳибкорон, олимону зиёиён, инчунин роҳбарони ҳама шохаҳои ҳокимият ва намояндагони мардуми кишвар дар мақоми олии қонунбарор вобастагии мустақим дорад.
Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки баҳри иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ аз тамоми воситаҳо самаранок истифода барем, зеро дар радифи ҳамаи он тадбирҳое, ки барои мубориза бар зидди коррупсия пешбинӣ шудаанд, пеш аз ҳама чораҳои пешгирии истилоҳҳои гуногун баён шуда, оид ба ин амалӣ зишт аз ҷониби олимон ва дигар равшанфикрони замон пешниҳоду тавзеҳот дода мешуд, то ин ки он ҳадди ақал имкон аз байн бардошта шавад ва шароити мусоиде барои халқ дар ҳама гуна соҳаҳои давлатию ҷамъиятӣ фароҳам оварда шавад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода