Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дӯстӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №16 Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳия вохӯрӣ бо аҳолии сокинони Ҷамоат дар мавзӯи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” баргузор гардид.
Зимни баромад мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Шералиев С., оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандони ноҳия ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳар як падару модар, ки фарзондонашон дар муҳоҷиратӣ меҳнатӣ қарор доранд, ҳамеша бояд бо онҳо дар тамос бошанд.
Ҳангоми суҳбат волидайн бояд фарзандонро насиҳат намуда, таъкид кунанд, ки ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нашаванд ва бо гапҳои хоинони миллат гуш надиҳанд, чунки ин хоинони миллат на Ватан доранду на миллат.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ зимни баромад раисони баъзе маҳаллаҳо фикру мулоҳизаҳои худро оиди ин масъала баён намудаанд, ки доғи рӯзро дар бар мегирад.
Дар фарҷом ба саволҳои аз ҷониби иштирокчиён дода шуда ҷавобҳои мушахас гардонида шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дӯстӣ