Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, вохӯрии навбатӣ байни кормандони ҷамоат, раисони маҳалла ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони шуъба, мутахассиси маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО, ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва ба ватан баргашта, бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ (қочоқи инсон) дар хориҷи кишвар, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби коррупсионӣ, пешгирӣ аз ҳаргуна бемориҳои сироятӣ, низ баромадҳо аз ҷониби намояндагон ба ҳозирин ироа гардид.
Гуфта шуд, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила – маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд.
Самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо дар назар доштани тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд