Тибқи фармоиши Сардори Хадамоти муҳоҷират гурӯҳи кории Хадамот дар бораи ташкил ва гузаронидлани санҷишҳои ғайринавбатӣ, бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва “”Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе” санҷиш ва вохӯриҳо идома дорад. Нимаи дуюми рӯзи 24 апрели соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамот дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе чунин вохӯрии судманд баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар вохӯрии навбатӣ ба гурӯҳи корӣ мудири бахши робита бо ҷомеа Абдуллоев Некрӯз, сармутахассиси шуъбаи мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ Юнусов Бобоҷон ва сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ Одинаев Исмоил шомил буданд, иштирок ва баромад намуданд.
Дар рафти мулоқоту суҳбатҳо бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути парвоз ба кишвари Федератсияи Россия азми сафар доранд, аз ҷониби гурӯҳи корӣ, доир ба қонунгузории нави ин давлат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, қоидаҳои будубош, омода намудани ҳуҷҷатҳои лозима, қайди муваққатӣ, гирифтани патент, иҷозаи кор ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқоту суҳбатҳо бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ, оид ба масъалаи пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, омӯзиши фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масоили мубрам фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Инчунин, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба он нафароне, ки воридшавиашон ба кишвари Федератсияи Россия манъ аст, тавсия дода шуд, ки руҳафтода нашуда, ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Ҷумҳурӣ муроҷиат намуда дар дохили кишвар ба ҷойҳои кории холӣ таъмин гарданд.
Ғайр аз ин, ба онҳо дар бораи таъсиси ҷойҳои кории холӣ дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” бо назардошти музди меҳнат тавсия дода шуд.
Дар охир, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ буклетҳо, бо номи: Тағйиротҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Фдератсияи Россия, Китобчаи кисагии муҳоҷири меҳнатӣ, Тундагро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?, Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ва Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҶСК “НБО Роғун” супорида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират