Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ба он бахши Хадамоти муҳоҷират шомил аст, бо сокинони ҷамоати деҳоти Чуст вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни мулоқот масъулин доир ба масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, худдорӣ аз тақлид ба фарҳанги бегона, инчунин тарғиби зиндагии солим ва тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, ба аҳолӣ оид ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободонӣ тавсия ва роҳнамоӣ дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин доир ба риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аҳаммияти амалишавии онҳо барои тарбияи насли оянда ва таҳкими суботу оромии ҷомеа таъкид гардид.
Дар рафти вохӯри мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Ҷаборзода Расул баромад намуда, ба сокинон оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремисти, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) суханронӣ намуд.
Инчунин, бо онҳо оиди меъёрҳои Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 сӯҳбат доир гардид ва ба иштироккунандагони вохӯри оиди кам мондани мӯҳлати ба роҳ мондани фаъолият ва будубоши қонунӣ худ ба кашолакориҳо роҳ надиҳанд ва ба мақомоти корҳои дохилии минтақаи фаъолияташон муроҷиат намуда, вазъи ҳуқуқии худро қонунӣ намоянд.
Ҳамзамон, ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки қоидаҳои техникаи бехатириро дар объекти мазкур бинобар пешгирии ҳодисаҳои нохушу ғайричашмдошт қатъиян риоя намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иброз шуд, ки татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омили асосии рушди босуботи ҷомеа, таъмини зиндагии шоиста ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав