Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен дар якҷоя бо МИМХД ноҳия, шуъбаи КДАМ, КИ ХҲДТ, Комиссариати ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия вохурии навбатиро дар маҳалла ва кӯчаҳои Берунӣ ва Фирдавсии Ҷамоати шаҳраки Навкат вобаста ба соли 2024 эълон гардидани “Соли маърифати хуқуқӣ” баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин дар баромади худ оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар суханронӣ намуда, баҳри тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагӣ дар ноҳия, арҷгузорӣ ба заҳмати ниёгон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва амалҳои номатлуб байни наврасон, муҳоҷирати бехатар, омодагӣ пеш аз сафар, қонунгузории нави ФР оид ба муҳочирати меҳнатӣ, пешгирии беморихои ВНМО/БПНМ, ҳамчунин аз иштироккунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки ба истиқболи 30-юми солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ободонии ноҳия, хиёбону гулгаштҳо ҳар фарди ватандӯст бо масъулияти баланд ҳиссагузорӣ намояд, – иброз доштанд баромадкунандагон.
Чунин як вохӯрии судманд аз ҷониби шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент, дар толори беморхонаи кудаконаи шаҳр, бо иштироки муовини раиси шаҳр, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири бахши танзими дин, анаъана ва ҷашну маросимҳо, ҷиҳати корҳои иттилоотӣ -маърифатӣ байни аҳолии шаҳр дар маҳаллаи Зардолузор гузаронида шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен