Тибқи нақша чорабиниҳо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар МТМУ №18 шаҳри Хуҷанд маҳаллаи “Чорчароғ” бо фаъолони маҳалла вохӯрӣ ташкил карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ оиди Фармони Президенти Федератсияи Россия № 1126 аз 30.12.2024 шаҳрвандони хориҷие, ки маълумот дар бораи онҳо ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад, бояд ихтиёран аз қаламрави Федератсияи Россия бароянд ё аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 бояд ҳолати ҳуқуқии худро ба танзим дароранд (бе баромадан аз ҳудуди Русия ва бе назардошти мақсади воридшавӣ). Ба танзимдарории ҳолати ҳуқуқии шаҳрванди хориҷӣ дар он ҳолат анҷом меёбад, агар шаҳрванд: идентификатсияи маълумоти биометрии шахсиро гузашта бошад, ҳуҷҷати тасдиқкунандаро оид ба донистаи забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия пешниҳод намуда бошад.
Барои дастрас намудани маълумоти мухтасар доир ба ин масъала, ҳатман бояд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиқистон дар Федератсияи Россия бо рақами телефони 7 (495) 967 98 44 занг занед ё ба 7 (999) 912 58 68 – Whatsapp нависед.
Инчунин, гуфта шуд, ки шурӯъ аз 1 январи 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намудааст дар асоси ин Қоида 90/180 қатъ карда шуд ва муҳлати 180 шабонарӯз ба 365, яъне соли тақвимӣ иваз карда шудааст.
Мутобиқи ин қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз 1 январи соли 2025 ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешавад ва Патент ё Иҷозат барои истиқомати муввақатц (РВП) ё иҷозати доимӣ (ВНҶ ) ба даст намеорад, метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба Федератсияи Россия дар муддати соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ, яъне 31 декабр ҳуқуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад. Муҳлати ин қоида ҳар сол аз 1 январ оғоз мешавад ва 31 декабр ба итмом мерасад.
Ҳамзамон, дар суҳбат сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оиди донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд