Дар маҳаллаи Умари Хаёми ноҳияи Фархор бо иштироки гурӯҳи таблиғотӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии навбатӣ бо сокинон баргузор гардид.
Дар мулоқот нотиқот оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират, экстремизм ва терроризм, ВНМО, инчунин риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, худкушиву худсӯзӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.Илова бар ин сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

