Кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ва КВД “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе”- и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо як гурўҳ шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути ҳавопаймо барои фаъолияти меҳнатӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия равонаанд, вохўрии навбатии саривақтӣ барпо намуданд.
Зимни вохӯрӣ бо шаҳрвандон муфассал дар бораи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, гирифтани сертификат, патент, полиси тиббӣ суғуртавӣ, бастани шартнома бо корфармо, ҳолати будубош дар кишвари қабулкунанда, аз ҷумла дар бораи он нафароне, ки вурудашон ба кишвари Россия манъ аст, суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки сокинони кишвар пеш аз сафар ҳатман ба шуъбаву бахшҳо ва раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.
Дар навбати худ мусофирони хатсайрҳо, ки шумораи зиёди онҳоро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медод, аз масъалаҳои мубрами рўз ва проблемаҳои муҳоҷирати корӣ пурсон шуда, ба саволҳои додашуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳар як сокини кишвар хотирасон карда шуд, ки пеш аз сафар ба давлати Россия ҳатман забони русӣ, таърих ва қонунгузории давлати қабулкунандаро донанд ва соҳиби касбу ҳунари коргарӣ буданашон низ шарт аст.
Дар хотимаи суҳбат ба ҳар як шаҳрванд – муҳоҷири меҳнатӣ, брошюраҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар бораи тарзи гирифтани патент, будубош, вакансияи ҷойҳои кории холӣ дар Федератсияи Россия супорида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе