Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен якҷоя бо МИМХД, КИ ХҲДТ, бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев вобаста ба соли 2024 эълон гардидани “Соли маърифати хуқуқӣ” вохӯрии сайёр бо сокинони ҷаомат баргузор намуданд.
Дар вохӯрии сайёр асосан вобаста ба иҷрои даструру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар ва санаи 9 марти соли 2024 маҷлис бо аҳли ҷомеа ва ходимони динӣ кишвар пайваста дар байни аҳолӣ ва сокинон оид ба пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таълимоти ғайриқонунии динӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонону муҳоҷирон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонида додани моҳият ва тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамзамон оид ба муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, тарзи дуруст истифода бурдани интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, суханронӣ карда шуд.
Инчунин, ба шаҳрвандон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, якчанд дастурҳои муфид оид барасмиятдарории хуҷҷатҳо ва тартиби будубош дар хориҷа дода шуда ба ҳар яки онҳо варақаҳои иттилоотӣ- маърифатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд