Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вохӯрии саривақтӣ бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва занони хонашин баргузор гардид.
Аз ҷониби баромадкунандагон дар доираи васеи масъалаҳои марбут ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасон, пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифода аз корд, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷирати бехатар ва дигар масъалаҳои изтиробангез мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба зарурати баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи кӯдак, муқаррар намудани назорати доимӣ аз болои рафтору муносибат ва фаъолияти рӯзмарраи онҳо таъкид карда шуд. Инчунин, наврасон ва ҷавонон ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ, интихоби касб, риояи тарзи ҳаёти солим, иштирок дар чорабиниҳои маърифатию варзишӣ ва дурӣ ҷустан аз муҳити носолим раҳнамоӣ гардиданд.
Ҳамзамон, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар истифодаи нерӯи барқ сарфаҷуйи намуда, нерӯи барқро мақсаднок истифода намоянд.
Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таваҷҷуҳи сокинон, ки бисёри аз онҳо айни дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан бозгаштанд доир ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

