Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Н. Хусрав дар асоси нақшаи якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зери унвони “Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва масъалаҳои доғи ҷомеа» вохӯрии саривақтӣ бо омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.
Дар ин вохӯрии мазкур мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҷумла намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират, бахшҳои кор бо занон ва ҷавонон, маориф, ҷавонони фаъол ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Дар раванди баргузории вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баён гардидаанд, андешаҳои таҳлилӣ ва илмӣ иброз намуданд. Махсусан, таваҷҷуҳи амиқ ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии ҷавонон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, рушди тафаккури мантиқӣ тавассути омӯзиши фанҳои дақиқ, инчунин таҳкими арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ зикр гардид.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ омили калидии таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, масъалаҳои ободонӣ ва пешрафти Ватан, ҳифзи амният ва суботи иҷтимоӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардиданд.
Зимни мулоқот, ҳамчунин муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аҳамияти онҳо дар пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, коҳиши сатҳи қонунвайронкуниҳо дар байни занону ҷавонон, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии худкушӣ ва муқовимат бо савдои одамон таъкид карда шуд.
Дар навбати худ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи дар бораи тағйиротҳо дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷират, муҳоҷирати бехатар, касбомӯзӣ ва забономӯзӣ, бо ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Дар фарҷом зикр гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо ва мулоқотҳои судманд аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ мутобиқи нақшаи тасдиқгардида идома ёфта, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират