Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии саривақтӣ бо сокинони маҳаллаи “Темурмалик”- и шаҳр баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур оид ба Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қоидаҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, муҳоҷирати бехатар, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва касалиҳои сироятӣ баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Оли пайваста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷуҳи махсус муайян менамоянд. Сарвари давлат таъкид мекунанд, ки таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор дар дохили кишвар, омодасозии кадрҳои соҳибтахассус ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касби бояд самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ бошанд.
Тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ҳамаи ҳуҷҷатҳоро пурра ва дуруст омода намоянд, ба монанди (шиноснома, бакайдгирӣ, патент, шартномаи кор). Танҳо тавассути роҳҳои конунӣ ба кор рафтан, аз миёнаравони шубҳанок дури ҷустан, ба корҳое, ки музди баланд бе шарт ваъда медиҳанд, бовар накардан ва дар кишвари дигар аз муноқиша ва гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ канорагирӣ кардан.
Дар фарҷоми вохӯрӣ гуфта шуд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз макони фаъолияташ, масъулияти баланд дар назди ватан, миллат ва ояндаи кишвар дорад. Бо риояи дастуру ҳидоятҳои пешвои миллат ва бо меҳнати софдилона метавонем дар рушди Тоҷикистони соҳибистиклол саҳми арзанда гузорем.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

