• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии саривақтӣ бо сокинони ноҳияи Айнӣ

Migration Service by Migration Service
24.07.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии саривақтӣ бо сокинони ноҳияи Айнӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ки намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар он шомил буд, ҳафтаи сипаригашта дар деҳаи Диҷики ҷамоати деҳоти Фондарё, корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, бо фаъолони деҳа, кумитаҳои маҳал ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта вохӯрии саривақтӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Мукаррамзода Ф., мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросим Шодиев Ш.,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Хокироев М., ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Ғайбуллоев Б., иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон зимни баромади худ доир ба муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (моддаи 382-“ Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ”),  сухан ронда, таъкид намуданд, ки масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон дорои аввалиндараҷа мебошанд.

Сипас мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Ғайбуллоев Б., суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза дар ҳамагуна давлатҳо таҳдиди терроризм ва экстремизм вуҷуд дорад ва пешгирӣ аз ҳамин гуна вабои аср давлатҳои ҷаҳонро водор сохтааст, ки созмонҳову ташкилотҳои гуногунро  таъсис диҳанд.

Дар суханҳои худ доимо Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд менамоянд, ки террорист  Ватан, модар, дин, забон надорад ва мақсаду ҳадафи онҳо халалдор намудани ҷомеа ва несту нобуд намудани аҳолии осоишта ва ғайраҳо мебошад.

Инчунин, мавриди зикр аст, ки онҳо бо роҳи фиреб, ваъдаи маблағи барзиёд ва таъмин бо ҷойи кори сердаромад ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва табақаи аҳолие, ки сатҳи дониш, тафаккур ва ҷаҳонбинии суст  доранд ҷалб намуда ҳамагуна ҷиноятҳои вазнинро анҷом медиҳанд.  

Барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар табақаи ҷомеаи аҳолӣ бояд аз вожаҳои терроризм, экстремизм ё террорист кист? Кадом гурӯҳҳои ифротӣ мавҷуданд маълумот дошта бошанд.

Ҳангоми муҳоҷират дар хориҷа ба ҳар гуна шахсони алоҳидаи ношинос ва шубҳанок, ки маблағи зиёдро ваъда дода, бо ҳар роҳ дили онҳоро гарм намуда ба гӯруҳҳо ҳамроҳ менамоянд, бовар накарда, аз онҳо дӯрӣ ҷӯянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз тарафи шахсони ба онҳо ношинос паёмакҳои шубҳанок ворид мешаванд ҷавоб надиҳанд.

Дар сурати гирифтор шудан ба ҳар гуна мушкилӣ ба ҳамагон тавсия дода шуд, ки ба сохторҳои дахлдор муроҷиат намоянд ва ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷи кишвар фаъолият менамоянд тавсия дода шуд, ки дар ҳолати ру ба ру шудан ба чунин ҳолатҳои номатлуб ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.      

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Суҳбатҳои судманд бо сокинони шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Next Post

Коррупсия – ин монеаи ҷиддӣ барои рушди устувори кишвар

Next Post
Коррупсия – ин монеаи ҷиддӣ барои рушди устувори кишвар

Коррупсия – ин монеаи ҷиддӣ барои рушди устувори кишвар

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.