Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷирати дар ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Куҳруди Ҷамоати деҳоти Айнӣ бо фаъолони деҳа, кумитаҳои маҳал ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта вохӯрии саривақтӣ гузаронида шуд.
Баромадкунандагон зимни баромади худ доир ба муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон- “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандусти шаҳрвандон” ва “ Дар боари ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (моддаи 382- “Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ”), сухан ронда, таъкид намуданд, ки масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқадассоти давлатӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон дорои аввалиндараҷа мебошанд.
Сипас мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Ғайбуллоев Б., қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза дар ҳамагуна давлатҳо таҳдиди терроризм ва экстремизм вуҷуд дорад ва пешгирӣ аз ҳамин гуна вабои аср давлатҳои ҷаҳонро водор сохтааст, ки созмонҳову ташкилотҳои гуногунро таъсис диҳанд.
Дар суханҳои худ доимо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд менамоянд, ки террорист Ватан, модар, дин, забон надорад ва мақсаду ҳадафи онҳо халалдор намудани ҷомеа ва несту нобуд намудани ахолии осоишта, мансабдорони давлатӣ ва ғайраҳо мебошад.
Инчунин мавриди зикр аст, ки онҳо бо роҳи фиреб, ваъдаи маблағи барзиёд ва таъмин бо ҷойи кори сердаромад барои ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва табақаи аҳолие, ки сатҳи дониш, тафаккур ва ҷаҳонбинии суст доранд ҷалб намуда ҳамагуна ҷиноятҳои вазнинро анҷом медиҳанд.
Барои эмин доштани худ аз доми гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар табақаи ҷомеаи аҳолӣ бояд аз вожаҳои терроризм, экстремизм ё террорист кист? Кадом гурӯҳҳои ифротӣ мавҷуданд маълумот дошта бошанд.
Ҳангоми муҳоҷират дар хориҷа ба ҳар гуна шахсони алоҳидаи ношинос ва шубҳанок, ки маблағи зиёдро ваъда дода, бо ҳар роҳ дили онҳоро гарм намуда ба гурӯҳҳо ҳамроҳ менамоянд, бовар накарда, аз онҳо дӯрӣ ҷуянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз тарафи шахсони ба онҳо ношинос паёмакҳои шубҳанок ворид мешаванд ҷавоб надиҳанд.
Дар сурати гирифтор шудан ба ҳар гуна мушкили ба ҳамагон тавсия дода шуд, ки ба сохторҳои дахлдор муроҷиат намоянд ва ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷи кишвар фаъолият менамоянд тавсия дода шуд, ки дар ҳолати ру ба ру шудан ба чунин ҳолатҳои номатлуб ба Сафорат, Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

