Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен якҷо бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маҳаллаҳои Шермуродов ва Ғоибов, деҳаи Саросиёи Ҷамоати деҳоти Сарбанд вохӯрии саривақтӣ бо сокинон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуда, дар ин замина таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот бо мақсади сазовор таҷлил ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва терроризм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии касалиҳои сироятӣ, зӯроварӣ дар оила ва фарогирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, муҳоҷирати бехатар, риояи қонунҳои амалкунанда, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Сатторова С., оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар иттило дода, таъкид намуд, ки ҳангоми сафар ба давлатҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия қонуну қоидаҳои давлати қабулкунандаро риоя намоянд, инчунин вобаста ба талаботи қонунгузории давлати қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйироти нав дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат, оид ба барномаи “Амина” дар шаҳри Москва ва вилояти он, масъалаҳои радикализм, экстремизму терроризм ва дигар масъалаҳои марбут иттилоъ дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
