Бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо оид ба тағйиротҳои қонунгузории кишварҳои қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯрии корманди бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Норбоев Дамир дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №26 ва №29 бо устодону волидон ва хонандагон вохӯрӣ баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки ҳар як муҳоҷир ва ё оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ки ба хориҷа сафар доранд бояд пеш аз ҳама, аз қонунгузорӣ, урфу одат ва маданияти давлати қабулкунанда огоҳ бошанд, зеро аз сабаби паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад ба монанди: афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо, афтодан ба ғуломии меҳнатӣ, афтодан ба ғуломии шаҳвонӣ, фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳаққи меҳнати худ, гирифтор шудан ба зӯроварии равонӣ ё ҷисмонӣ, зӯран гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар оварда мерасонад.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҷоҷират

