Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи корҳои амалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар деҳаи Корвонгузари ҷамоати деҳоти Нурафшон вохӯрии саривақтӣ бо сокинон, фаъолон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия Шербекзода Ш., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Неъматзода Н., сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Икромов Н., мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими МИҲД-и ноҳия Абдураҳмонов С., ва роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот масъулини Мақомоти иҷроия, намояндаи ҷамоат ва фаъолони маҳалла иштирок карда, доир ба мавзӯъҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуданд. Мавзӯъҳои асосии баррасишуда ба масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бахшида шуданд.
Масъулин дар ҷараёни суҳбат ба баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, ватанпарастиву худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва муқаддасоти давлатӣ таъкид карданд.
Ҳамзамон, дар бораи татбиқи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ва роҳҳои татбиқи дурусти онҳо дар ҳаёти ҷомеа ибрози назар шуд.
Дар навбати худ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Лахш Икромов Нозимҷон баромад намуда, ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд.
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.
Ҳамзамон, ба иттилои сокинони ноҳия расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот иштирокдорон ба саволҳои худ ҷавобҳои муфид гирифтанд. Таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо дар дигар деҳаву маҳаллаҳо низ идома доранд ва барои таҳкими шуури сиёсиву иҷтимоии шаҳрвандон мусоидат мекунанд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Лахш