Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Тудаи ҷамоати деҳоти Фондарё, бо фаъолони деҳа, кумитаҳои маҳал ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта вохӯрии саривақтӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия Мукаррамзода Ф., мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими МИҲД Шодиев Ш., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Хокироев М., ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Ғайбуллоев Б., иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон доир ба муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон- “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон” ва “ Дар боари ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (моддаи 382-“Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ”), сухан ронда, таъқид намуданд, ки масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқадассоти давлатӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон дорои аввалиндараҷа мебошанд.
Сипас, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Ғайбуллоев Б., баромад намуда, оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) суханронӣ намуд.
Инчунин, ба самъи иштирокдорон расонида шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126, оиди кам мондани мӯҳлати ба роҳ мондани фаъолият ва будубоши қонунӣ худ ба кашолакориҳо роҳ надиҳанд ва ба мақомоти корҳои дохилии минтақаи фаъолияташон муроҷиат намуда, вазъи ҳуқуқии худро қонунӣ намоянд.
Ҳамзамон, ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки қоидаҳои техникаи бехатариро дар объекти мазкур бинобар пешгирии ҳодисаҳои нохушу ғайричашмдошт қатъиян риоя намоянд.
Дар рафти вохӯрӣ, таъкид карда шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм, Тик-Ток, хостингҳои наворӣ ва дигар платформаҳои сифриро фаъолона истифода мебаранд, то паёми худро ба ҳадди аксар расонанд ва боиси ҷалби ҷавонон, ваҳм, тарс ва изтироб дар байни аҳолӣ шаванд.
Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷойи кор маълумот пешкаш гардид. Вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, ба тозагии сару либос, ришу рӯй аҳамият додан, саломатии худ ва наздиконро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намудан таъкид карда шуд.
Дар сурати гирифтор шудан ба ҳар гуна мушкилӣ ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷи кишвар фаъолият менамоянд тавсия дода шуд, ки дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ба чунин ҳолатҳои номатлуб ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консулгариҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд