Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Темурмалик сӯҳбату вохӯриҳо бо сокинон доир гардида истодааст.
Ин навбат вохӯрии саривақтии гурӯҳи кории таблиғотӣ бо сокинони касбу кори гуногуни деҳаҳои Қушқияи мобайн ва Қушқияи болои ҷамоати деҳоти Кушктеппа баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулин доир ба вазъи ҷаҳони муосир, огоҳ будан аз равандҳои гуногун, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгаро, муҳоҷирати бехатар, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳи бармаҳал, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, тарзи дурусти истифодаи телефони мобилӣ, одоби муошират, корбарии дуруст дар сомонаҳои иҷтимоӣ, ҷалби насли наврас ба забономӯзӣ, муносибати хуб бо табиат, ҳимояӣ манфиатҳои миллӣ, ифтихор аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, ҳурмати падару модар ва калонсолон суханронӣ карданд.
Намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, ки ба гурӯҳи таблиғотӣ шомил аст, ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки аз 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ва вилояти Москва тартиби нави бақайдгирии шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ бе раводид ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, ҷорӣ карда шудааст.
Шаҳрандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади кор ба кишвари Россия меоянд, инчунин аъзои оилаи онҳо вазифадоранд, ба қайд гирифта шаванд. Барои ин зарур аст ба Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират дар Сахарово ё ба шуъбаҳои ҳудудии Раёсати корҳои дохилии Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар рафти бақайдгирӣ гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия) ва аксбардорӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин, аз 1 сентябри соли 2025 насби барномаи мобилии “Амина” ҳатмӣ гардидааст. Ин барнома ҷойгиршавии муҳоҷирро сабт намуда, маълумотро дар бораи мақоми ҳуқуқии ӯ намоиш медиҳад.
Набудани қайдгирӣ дар ҷойи иқомат, инчунин рад кардани истифодаи барномаи мобилӣ ҳамчун вайронкунии қоидаҳои муҳоҷират ҳисобида шуда, метавонад боиси ҷавобгарии маъмурӣ, то ихроҷ аз ҳудуди Федератсияи Россия ва манъи воридшавии такрорӣ гардад.
Аз ин лиҳоз, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо тавсия дода мешавад, ки пешакӣ шароити иқоматро муайян намуда, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд ва дар ҳолати пайдо шудани саволҳо барои тавзеҳот ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ё ба шуъбаҳои ҳудудии мақомоти муҳоҷиратии Россия муроҷиат намоянд. Дар охири вохӯрӣ сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон