Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии саривақтӣ бо сокинони маҳаллаи Раззоқ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ пешгирии ҷинояткорӣ ва ташвиқи ҷавонон ба зиндагии фаъол дар ҷомеа баргузор гардид.
Масъулин таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла муқовимати муассир ба равандҳои ифротгароӣ ва гурӯҳҳои радикалӣ, аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи хос ба нақши муассир ва мутақобилаи оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи дурӯсти насли наврас зоҳир гардид.
Айни замон, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти таҳрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои дини – экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ мебошад. Ғайр аз ин, гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ – террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонон ҳанӯз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккулнаёфта, роҳгум мезананд.
Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Дар қисми дуюми моддаи 34 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд”. Гуфта шуд, тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротгароӣ, барангехтани тухми низоъ дар миёни инсонҳо, нодида гирифтани арзишҳои олии давлату миллат, даъвати одамон ба ҷиҳоду муноқишаҳои қавмию мазҳабӣ, таҳдид ба суботи оромии ҳар як халқияту миллат аз амалу кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳисоб рафта, ба ояндаи он хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Гуфтаҳои омад аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Моро лозим аст, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем, то ин тамоюли номатлуб идома наёбад.
Аз тарафи мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд оиди тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия оиди муҳоҷират гуфта шуд. Зикр карда карда шуд, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ ташкил гардид, онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад.
Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққи ёфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

