Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, қонуну қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо иштироки фаъолон ва сокинони ноҳия баргузор карда шуд.
Масъулин оид ба вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст, суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб 1-уми июни соли 2021 Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва нақшаи амалисозии онро бо фармони хеш тасдиқ намуданд.
Қайд карда шуд, ки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 26-уми январи соли 2021 зикр намуданд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки ба масъалаи зуҳуроти номатлуб ва хатарноки экстремизм ва терроризм аҳамияти ҷиддӣ бояд диҳем. Зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ҷанбаҳои идеологӣ ва тарғиботии созмонҳои ифротӣ муборизаро пурзӯр намоем. Ҷавонону наврасонро ба корҳои ҷамъиятӣ ба монанди созмонҳои ҷавонон, ҷамъиятҳои гуногуни дӯстдорони китоб, дӯстдорони табиат, машғулиятҳои варзишӣ, машғулиятҳои иловагии таълимии фаннӣ ва ҳунарҳои гуногун ҷалб намоем. Мо дар замоне кору фаъолият карда истодаем, ки дорои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ҳастем. Барои дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани ҷавонон аз падидаҳои номатлуб дар пояи волоияти қонун ба ҳамдигар мусоидат намоем.
Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки аз 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ва вилояти он озмоиш оид ба татбиқи механизмҳои нави бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Россия бе раводид ворид мешаванд, роҳандозӣ гардидааст.
Дар доираи ин озмоиш, шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд мустақилона ба Вазорати корҳои дохилии Россия дар бораи ҷойи воқеии иқомати худ тавассути барномаи мобилии “Амина” иттилоъ диҳанд.
Таъкид карда шуд, ки иштирок дар озмоиш танҳо барои он шаҳрвандон пешбинӣ шудааст, ки дар шаҳри Москва ва вилояти он иқомат ва фаъолият доранд, пешбинӣ шудааст. Дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия тартиби амалкунандаи бақайдгирии муҳоҷирони хориҷӣ боқӣ мондааст ва тибқи қонунгузории амалкунанда анҷом дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки осонтарин роҳ барои ба қайд гирифтани шаҳрванд — ин онлайн-бақайдгирӣ тавассути портали “Госуслуги” мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

