• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд ба манфиати кор аст!

Migration Service by Migration Service
19.04.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд ба манфиати кор аст!
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе вохӯрии судманд дар мавзӯи «Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия” бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар назди собиқ бозори Шоҳмансур баргузор намуд.

Ба ҳозирин оид ба навовариҳо дар самти қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳамарӯза аз тарафи кормандони Раёсат ба ҳар як муроҷиаткунанда, ки азми сафари кишвари Россия дорад маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ба ҳар нафари онҳо буклетҳои гуногун оид ба қонунгузории Федератсияи Россия ва чӣ гуна рафтор намудан дар ин кишвар супорида, маслиҳатҳои муфид дода мешавад. Ба ғайр аз ин, ба иштирокчиёни ҷамъомад як ба як паҳлуҳои қонунӣ будани будубоши шаҳрвандони ҷумҳуриро дар Федератсияи Россия фаҳмонида дода шуд.

Ҳамзамон ба ҳозирин гуфта шуд, мушкилие, ки шаҳрвандони мо дар Россия дучор мегарданд, ин надонистани забони русӣ, риоя накардани қонунҳои ин кишвар, надоштани корти муҳоҷиратӣ ва ғайра мебошад. Таъкид карда шуд, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ҳар шаҳрванди мамлакат бояд ҳатман забони давлати воридшударо дар ҳаҷми муошират донад ва аз қонунҳои он бархурдор бошад.

Инчунин, дар мулоқот бо шаҳрвандон дар атрофи падидаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм сухан гуфта қайд карда шуд, ки имрӯз ягон кишвар аз хатари терроризм эмин нест ва яке аз роҳҳои аз байн бурдани хатари ин падидаи манфур дастаҷамъона мубориза бурдани кишварҳои ҷаҳон ва бартараф намудани сабабҳои зуҳурёбии он мебошад. Он ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.

Тибқи маълумот дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Дар давраи ҳозира мутаассифона дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад.

Дар фарҷом ба иштирокчиён буклетҳо, аз қабили “Пеш аз сафар бидон”, “Роҳнамо оид ба касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Маслиҳатҳои муфид барои муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷиратии ФР”, “Как получить разрешение на работу”, Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) тақдим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар

Next Post

Дар ноҳияи Варзоб роҷеъ ба мулоқоти Роҳбари давлат бо фаъолону намояндагони ҷомеа, ходимони дин ва бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» вохӯрӣ доир гардид

Next Post
Дар ноҳияи Варзоб роҷеъ ба мулоқоти Роҳбари давлат бо фаъолону намояндагони ҷомеа, ходимони дин ва бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» вохӯрӣ доир гардид

Дар ноҳияи Варзоб роҷеъ ба мулоқоти Роҳбари давлат бо фаъолону намояндагони ҷомеа, ходимони дин ва бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» вохӯрӣ доир гардид

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.