Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд бо аҳли оилаи муҳоҷирони бозгашта дар Ҷамоати деҳоти Обшорон вобаста ба тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба аҳли оилаи муҳоҷирони бозгашта маълумотҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари Россия тағйиротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома манзур намоянд. Дар ин замина аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Ҳамзамон, ба иттилои сокинони ҷамоат вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву эсктремистӣ, ифротгароии динӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои даҳшатафкан ва хатару омилҳои гурӯҳҳои мазкур маълумот манзур карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, аз ин гуна гурӯҳҳои мазкур канораҷӯӣ намоянд. Ҳаёти худро қурбонӣ манфиати дигарон накунанд.
Инчунин, оид ба бемориҳои сироятӣ, ки тавассути омилҳои гуногун ба шаҳрвандон сироят меёбанд фаҳмонида, даъват ба амал оварда шуд, ки ваъзи беҳдошти саломатии худро дар кишвари иқомат хуб нигоҳ доранд.
Аз ҷониби сокинон ба намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират