Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен дар якҷоягӣ бо шуъбаи КДАМ – ноҳия ва намояндагони МИМХД, КИ ХҲДТ, Бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳо, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия вохӯрии судмандро бо сокинони маҳалла ва кӯчаҳои Ҳамза ва Спитамени Ҷамоати шаҳраки деҳоти Нават вобаста ба соли 2024 эълон гардидани “Соли маърифати хуқуқӣ” баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулон оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , инчунин муҳоҷирати бехатар, омодагӣ пеш аз сафар, қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ, сил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Бояд зикр кард, ки гузаронидани чунин вохӯрию мулоқотҳо бо сокинони ноҳия мунтазам гузаронида мешавад.
Чунин як вохӯрии судманд дар маҳаллаи Сойи Мисраки шаҳри Панҷакент, бо иштироки муовини раиси шаҳр, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири бахши танзими дин, анаъана ва ҷашну маросимҳо низ баргузор карда шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен