Бо ташаббуси Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Восеъ вохӯрии судманд бо фаъолони ноҳия оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, баргузор гардид.
Кормандони масъули Бахш ба ҳозирин муфассал дар бораи тағйироту иловаҳои воридгардида дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, суханронӣ намуда, аз ҷумла, ба самъи сокинони ноҳия расонида шуд, ки ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвадони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд.
Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд худро то 5 феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.
Агар шаҳрвандоне, ки дар руйхати мазкур қарор дошта бошанд ва Федератсияи Россияро бо хоҳиши худ тарк кардаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта бошанд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.
Агар шумо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнати менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед.
Инчунин, гуфта шуд, ки барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Чунин вохӯриҳо бо сокинон дар тамоми ҷамоату деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор хоҳад шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон